Шаҳриёр Самарқандро тасхир кард
Қайқрони соҳибноми тоҷик Шаҳриёр Даминов барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 23 сола гардид. Ин дуюмин нишони сатҳи олитарини ин варзишгари умедбахши мо дар мусобиқаи мазкур ба ҳисоб меравад. Шаҳриёр дар қайқи як нафара ба масофаи 500 метр ҳамаи рақибонашро пушти сар гузошт. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки Шаҳриёр Даминов қаблан дар рақобати инфиродӣ дар масофаи 1000 метр низ барандаи нишони тилло гардида буд. Варзишгарони тоҷик дар риштаи қайқронии ду нафара зинаи ҷаҳорум ва дар намуди даставӣ бошад, мақоми сеюмро ишғол намуданд.