Шикасти “Лос-Анҷелес” аз “Сент-Луис” дар сафар
Дар чаҳорчӯбаи бозиҳои мавсимии NHL дастаи “Сент-Луис Блюз” дар майдони худ бо тими “Лос-Анҷелес Кингз” рақобат намуд. Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 3:0 меҳмонони худро шикаст доданд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 44-ум Владимир Тарасенко боз намуд. Баъди 11 дақиқа ин хоккейбоз маротибаи дуюм голзанӣ намуда, пешсафии “Сент-Луис”-ро дучанд кард ва дублро ба номаш сабт намуд. Голи охирини рақобат дар дақиқаи 59-ум аз ҷониби хоккейбози дигари “Сент-Луис” – Перрон рақам хӯрд. Бо ҳамин натиҷа (3:0) дастаи “Сант-Луис” ғалаба ба даст овард. Дастаи мазкур дар панҷ бозии баргузор намудаи худ дар мавсими ҷорӣ ғалаба ба даст овардааст.