Сидни Кросби оиди ояндааш дар “Питтсбург” ҳарф зад

Сидни Кросби оиди ояндааш дар “Питтсбург” ҳарф зад

Сарвони «Питтсбург Пингвинз» Сидни Кросби ба суол оиди шартнома бо дастааш посух дод.

«Ният дорам, ки бо менеҷери генералӣ Кайл Дубас оиди ин масъала ҳарф занам. Ҳама вақт мавсим ба мавсим ба пеш ҳаракат мекунам ва ин бароям манфиатовар буд.

Ба таври рӯшан дар синну соли ман омилҳои зиёде хоҳанд буд. Ба бозии худ бошад вобаста ба синну сол ба мӯҳлатҳои ояндаи он нигоҳ намекунам. Ҳама вақт бозии худамро на аз рӯи синну сол, балки аз рӯи воқеият баҳо медиҳам», — иқтибос меорад аз суханони Кросби сомонаи расмии Лигаи Миллии Хоккей.

Кросби ба як мавсими дигар то анҷоми мӯҳлати шартнома дар «Питтсбург» боқӣ монд. Ӯ дар сафи ин тим аз соли 2005 инҷониб баромад мекунад.

Дар чемпионати даврии ЛМХ Кросби 82 маротиба рӯи ях баромада, дар ҳисоби хеш 42 голу 52 партофти голӣ дорад.