Ситораи “Барса” се ҳафтаи дигар ба майдон баромада наметавонад

Ситораи “Барса” се ҳафтаи дигар ба майдон баромада наметавонад

Сомонаи расмии As менависад, ки хавбеки дастаи “Барселона” Педри, ки дар бозии бо “Бавария” (0:3) осеб бардошта буд, муддати се ҳафтаи дигар ба майдони набард баромада наметавонад. Испании ҷавон ҳоло се ҳафтаи дигарро дар беморхона пушти сар мекунад. Дар “Барселона” умед доранд, ки бозигари 18 сола ҳарчӣ зудтар ба майдон бармегардад. Дар рафти тамрини даста, ки дирӯз баргузор шуд Педри дар бадани худ дардро ҳис намуда, бо кумаки тубибон бошишгоҳи дастаашро тарк намуд.

Аз эҳтимол дур нест, ки Педри дар бозӣ бо дастаи “Эспанйол” санаи 21-уми ноябр ба майдон мебарояд.