"Соро" ва "Сипар" дар пойгаи қаҳрамонӣ дигарбора ба ҳам меоянд

"Соро" ва "Сипар" дар пойгаи қаҳрамонӣ дигарбора ба ҳам меоянд

Рӯзҳои 16 ва 17 октябр ду бозии аввали силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2021 байни дастаҳои “Соро компания”-и   Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд баргузор мешаванд. “Соро компания” ба ҳайси ғолиби марҳилаи аввали чемпионат ду бозии аввали даври ниҳоиро дар майдони худ мегузаронад. Рақобати дастаҳо дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози пойтахт соати 18:00 оғоз мегарданд. Бар асоси низомномаи лига бозиҳои финалии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон аз силсилаи то се ғалабаи яке аз дастаҳо баргузор мешаванд. Дар марҳилаи аввали мусобиқа дастаҳо ду вохӯрӣ баргузор намуданд, ки яке мусовӣ ва дуюм ба суди дастаи “Соро компания” ба анҷом расида буд. Дастаи “Соро компания” зери роҳбарии Пайрав Воҳидов талош дорад, то маротибаи сеюм қаҳрамони кишвар гардад. Тими “Сипар” ба ҳайси қаҳрамони феълии мусобиқа барои ҳимояи унвони хеш талош мекунад. Айни ҳол дастаи “Сипар” дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки дастаи ғолиб дар баробари унвони қаҳрамонии кишвар инчунин соҳиби роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳои футзали Осиё дар соли 2022 мегардад. Мухлисону ҳаводорони футзал метавонанад рақобатҳои мазкурро тариқи телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим тамошо намоянд.