«Соро» vs «Сипар». Бозии тиллоӣ ба нафъи кӣ хотима меёбад?

«Соро» vs «Сипар». Бозии тиллоӣ ба нафъи кӣ хотима меёбад?

Бозии панҷум ва ҳалкунандаи силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои «Соро»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд фардо, 30-юми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Пас аз чаҳор рақобат ҳисоб дар силсилаи финалӣ баробар 2:2 аст. Фардо, 30 октябр футзалбозони «Соро компания» ва «Сипар» дидори ниҳоии 5-уми худро анҷом медиҳанд, ки дар он ғолиби лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими 2021 муайян мегардад. Вохӯрӣ соати 18:00 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Барои қазовати бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон доваронро аз Ӯзбакистон даъват кардааст. Бозии дарпешистодаро доварони футзали ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ки қаблан дар ду бозии аввали финал байни дастаҳои “Соро компания” ва “Сипар” кор мекарданд, доварӣ мекунанд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Финал. Бозии 5-ум

30 октябр (шанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)

Доварон: Анатолий Рубаков, Никита Афиногенов (ҳарду – Ӯзбекистан).

Комиссари бозӣ: Ориф Ҷураев (Душанбе).

Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоби умуӣ – 2:2.