Суфиев ва Гулов дар Antalya Grand Slam 2024 ноком шуданд

Суфиев ва Гулов дар Antalya Grand Slam 2024 ноком шуданд

Дар рӯзи якуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 Ҳақдод Гулов ва Меҳрзод Суфиев ноком шуданд. Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов ҳоло баҳри зинаҳои фахрӣ муборизаро давом медиҳанд.

Ҳақдод Гулов (-60 кг) дар даври аввали мусобиқа аз ҷудокори муғул Бямбайав Тсогт - Очир мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Ҷудокори ҷавони тоҷик Меҳрзод Суфиев (-60 кг) дар даври аввали мусобиқа бар ҷудокори мизбон Эмирҳан Караҳани 22 сола бо се огоҳӣ зафар ёфта, ба даври дуюм баромад.

Сифиев дар даври дуюм дар як рақобати сахту сангин ва тӯлонӣ муқобили ҷудокори фаронсавӣ Седрик Револ дар вақти тиллоӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Дар даври сеюм мутаассифона Меҳрзод Суфиев аз намояндаи Нидерланд - Эмиел Ҷаринг мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.