Таманниёти президенти ФИФА ба дастаи «Истиқлол»

Таманниёти президенти ФИФА ба дастаи «Истиқлол»

Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар робита ба пирӯзии пеш аз муҳлати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи шодбошӣ ирсол кардааст.

Дар номаи Инфантино, ки ба унвони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Президент!

Иҷозат диҳед бошгоҳи футболи «Истиқлол»-ро барои чемпиони мавсими 2021 шудан табрику муборакбод намоям. Ин унвон бешубҳа натиҷаи меҳнату ғайрат ва фидокорист. Ҳама аъзоёни даста аз ин комёбии муҳим фахр карда метавонанд. Шумо табрикоти маро ба ҳама расонед. Ман шуморо ташвиқ мекунам, ки бо ҳамин азму ангеза дар оянда ҳам кор кунед. Ман аз номи ҷомеаи ҷаҳонии футбол бо истифода аз фурсат ба Шумо ва Федератсияи Шумо барои рушд ва шукуфоии футбол дар Тоҷикистон, минтақа ва дар саросари ҷаҳон ташаккур мегӯям. Ман бесаброна интизорам, ки бо Шумо вохӯрам.

Бо эҳтиром Инфантино»