«Танки рус» бар зидди Снайдер

«Танки рус» бар зидди Снайдер

Рақобати деринтизори финалӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин доир мегардад. Дар рақобати ниҳоии вазни 97 кг дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва занон, ки дар кишвари Венгрия аз 20-ум то 28-уми октябр ҷараён дорад, иштирокчиёни финал маълум шуд. Варзишгари рус Абдурашид Садулаев маъруф бо тахаллуси «Танки рус» (қаҳрамони олимпӣ 2016, ду карат қаҳрамони ҷаҳон дар солҳои 2014-2015 дар вазни 86 кг; дорандаи нишони нуқраи Чемпионати ҷаҳон 2017 дар вазни 97 кг) ва гӯштингири амрикоӣ Кайл Снайдер (чемпиони Олимпиада 2016, қаҳрамони ду каратаи ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2017 дар вазни 97 кг шоми имрӯз бо ҳам рақобат мекунанд. Соли гузашта низ ин ду гӯштингри тарзи озод бо ҳам дар финал рӯ ба рӯ шуда буданд. Снайдери амрикоӣ Абдурашид Садулаевро бо ҳисоби 6-5 дар рақобати мушкил мағлуб кард.

Таҳияи Парвизи М.