#ТОҶИКИСТОНБАПЕШ
Оғози роҳ ба Ҷоми Осиё барои тими миллии олимпии Тоҷикистон бо машаққат пушти сар гардид, ҳамакнун лозим аст қадами устувор гузошта шавад. Дар рақобат бо Непал ба ғалабаи муътамади бозингарони умедбахши тоҷик ҳама бовар доранд. Интизорӣ аз бозии дуюми миллипӯшони ҷавон ҳамин аст. Тоҷикистон U23 – Непал U23. Рӯзи 28-уми октябр соати 19:00. Марҳабо ба варзишгоҳ барои пуштибонӣ аз футболбозони ҷавону умедбахши тоҷик.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)
Гурӯҳи «В». Даври дуюм
28 октябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 19:00
Непал – ТОҶИКИСТОН
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ