То оғози мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” чор рӯз боқӣ монд

То оғози мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” чор рӯз боқӣ монд

Чӣ тавре, ки қаблан хабар дода будем, аз 22-юм то 24-уми ноябри соли равон шаҳри Осакаи кишвари Ҷопон мизбони мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” интихоб шудааст. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки 593 ҷудочӣ аз ҷумла, 343 мард ва 250 зан аз 99 кишвари 5 қитъа сайёра дар назар аст. Тоҷикистонро дар “Osaka Grand Slam 2019” се паҳлавон - Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) ва Муродов Акмал (-81кг) намояндагӣ мекунанд. Шабакаи телевизионии “Варзиш” ин мусобиқаро ба таври мустақим манзури бинандагони хеш мекунад.