То оғози Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар 1 рӯз боқӣ монд!

То оғози Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар 1 рӯз боқӣ монд!

Аллакай 20-уми  ноябр дар Қатар 22-юмин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз мешавад. Мусобиқа то 18-уми декабр идома карда, қаҳрамони нави ҷаҳон муайян хоҳад шуд. Қатар барои нахустин бор дар таърихи худ як мусобиқаи бузургро баргузор мекунад, ки он гаронарзиштарин маҳсуб мешавад. Шабакаҳои "Варзиш" ва "Футбол" ба таври мустақим Ҷоми Ҷаҳонро бо забони ноби тоҷикӣ манзури бинандагон мегардонанд. 


Рӯзи якшанбе, 20-уми ноябр, соати 21:00 бо вақти Душанбе бо бозии Қатар-Эквадор мусобиқа кушода эълон мегардад. Ҳоло ба чанд вижагии ин Мундиал таваҷҷуҳи шуморо ҷалб менамоем.

Дастаи мунтахаби Қатар, ки мизбон аст, бори нахуст дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад.

Бори аввал Мундиал дар тобистон баргузор намешавад.

Бори нахуст як кишвари арабӣ (дар умум кишварҳои халиҷи Форс) Ҷоми ҷаҳонро қабул мекунад.

Бори охир дар Чемпионати ҷаҳон 32 даста иштирок мекунад (сар аз соли 2026 шумораи дастаҳои иштироккунанда ба 48 мерасад).

Барои бори аввал низоми бақайдгирии автоматики (худкор)-и офсайд кор мекунад.

Мумкин аст, бори нахуст зан ба ҳайси довар бозиро ҳакамӣ кунад.

Ин гаронарзиштарин Чемпионати ҷаҳон дар таърих мешавад.

Барои ман (ва шояд барои аксарият) аз миёни ҳамаи мусобиқаҳои футболӣ маҳз Чемпионати ҷаҳон бештар писанд  аст.