Тони Фергюсон ба Ҳабиб Нурмагомедов чӣ гуфт?

Тони Фергюсон ба Ҳабиб Нурмагомедов чӣ гуфт?

Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов эълон кард, ки муҳориба бо варзишгари амрикоӣ - Тони Фергюсон баргузор намешавад.

Вай таъкид мекунад, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.

"Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст ва намоишкорона тамрин мекунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом медиҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?", - менависад вай дар саҳифааш дар Инстагарм.

Ҳабиб меафзояд, ки аз чунин ранг гирифтани қазия нигарон аст. Нақшаҳои ӯ низ дар пайи пандемия барбод рафтанд.

Тони бошад, пас аз бозгашти Ҳабиб ба Россия, ӯро ба тарсончакӣ муттаҳам кард. Пештар роҳбарияти UFC эълон кард, ки муҳорибаро дар кадом ҳолат набошад, баргузор мекунад.

 

Ин бори панҷум аст, ки бозии Фергюсон ва Нурмуҳаммедов бо сабабҳои гуногун лағв мешаванд.