Торуморшавии “Реал” дар Эл-классико
Бозии беҳтарин ва муҳимтарини ин ҳафта дар топ-5 чемпионатҳои муқтадири футболии Аврупо бидуни шакку тардид рақобати “Реал Мадрид” ва “Барселона” буд. Дар Эл-классико меҳмонон бо ҳисоби калони 4:0 пирӯз шуданд.
Голҳои дастаи “нилунориҳо”-ро Обамеянг (дақ.29), Араухо (дақ.38), 0:3 Ферран Торрес (дақ.47) ва Обамеянг (дақ.51) заданд.
Маврид ба ёдоварист, ки барои сармураббии дастаи “Барселона” Хави ин нахустин пирӯзӣ дар Эл-классико буд.
Қатъи назар аз ин бохт дастаи “шоҳона” мавқеи худро дар зинаи якум нигоҳ медорад. Ҳоло дар ҳисоби онҳо 66 имтиёз аст. “Барселона” бошад, бо 54 хол дар зинаи 3-юм ҷой гирифтааст.