«Тоттенхэм» арзиши тиллоии Кейнро ба «МС» гуфт

«Тоттенхэм» арзиши тиллоии Кейнро ба «МС» гуфт

Сомонаи расмии The Sun матлаберо паҳн намудааст, ки ба гуфтаи ӯ ҳамлавари мумтози тими миллии Англия ва дастаи «Тоттенхэм Хотспур» Ҳарри Кейн рӯзҳои наздик ба шаҳри Манчестер сафар мекунад. Ба маълумоти манбаъ, президенти «Тоттенхэм» Дэниэл Леви ба форвардаш 187 млн евро нархгузорӣ кардааст, ки пардохтани чунин маблағи ҳангуфт дар ин давраи душвор ғайриимкон аст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки голзанӣ англисӣ розӣ шудааст, ки бо “шаҳриҳо” то соли 2026 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад. Кейн дастпарвари тими «Тоттенхэм» буда, соли 2021 дар ин даста нахустинбор ҳунарнамоӣ намудааст. Дар мавсими - 2020/2021 форвард дар 35 бозии дастааш ширкат намуда, ба задани 23 гол даст ёфтааст.