"Тоттенхэм" футболбози нав харид

"Тоттенхэм" футболбози нав харид

Нимҳимоятгари 21-солаи протугалии “Бенфика” Жедсон Фернандеш ҳунарнамоияшро дар “Тоттенхэм” идома медиҳад. Дастаи англисӣ ӯро ба муҳлати якуним сол ба иҷора гирифт. Дар ин бора сомонаи расмии “Тоттенхэм” иттилоъ медиҳад. Тибқи қарордод муҳлати ҳунарнамоии Фернандеш дар Лондон 18 моҳро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин дар шартнома ҳаққи пурра харидории Фернандеш қайд шудааст. 
Дар мавсими ҷорӣ Жедсон Фернандеш дар ҳайати “уқобҳо” 13 бозӣ анҷом дода, дар ҳисоби худ 1 партофти головар дорад.