Уайт камарбанди Фюриро гирифтан мехоҳад

Уайт камарбанди Фюриро гирифтан мехоҳад

Қаҳрамони бритониёӣ Диллиан Уайт мехоҳад, ки барои ба даст овардани камарбанди WBC бо Тайсон Фюри набард кунад. Қаҳрамони феълии WBC умедвор аст, ки пас аз шикасти Отто Уаллин дар фурсатҳои наздик бо ҳамватанаш Тайсон Фюри ба ринг мебарояд. Худи Тайсон Фюри бошад, чанде пеш бар рақибаш Деонтей Уайлдер аз ИМА пирӯзӣ ба даст оварда буд.