ҶУДО САРГАРМӢ ВА МОЯИ ИФТИХОР
Чеҳраҳои шинохтаи варзиш дар даврони истиқлолият бо маҳорату малака ва дастовардҳои чашмрас ҷудоро миёни ҷавонони тоҷик пурра ва боз ҳам маҳбубтар доранд. Намунаи яке аз онҳо Расул Боқиев буд. Расул ҷудоро мисли оне, ки шодравон Саидмуъмин Раҳимов самборо муаррифӣ намуд, ба хурду бузург шиносонд. Расул Боқиев аз аввалин ҷудоварзоне буд, ки бо маҳорати шоистаи худ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Рио-де-Жанейрои Бразилия соли 2007 мақоми сеюмро касб намуд ва аввалин нишони биринҷии ин мусобиқаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон овард. Равишу маҳорате, ки Расул дар ин мусобиқа нишон дод, дар баробари муаррифии ҷудои тоҷик дар қатори ситорагони ҷудои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Баъди ин мусобиқа ВАО-и варзишии ҷаҳон сари маҳорати паҳлавони тоҷик ҳарф мезаданд. Қаблтар аз он, ҳамон тавре, ки болотар зикр кардем варзишгарони тоҷик соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин мусобиқа ҷудокори тоҷик Хайрулло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки онро метавон аввалин медали Бозиҳои осиёии мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд. Баъдан, соли 1995 чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, тими ҷудокорони тоҷик иштирок намуда, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд. Дар миёни сангинвазнҳо Саидаҳтам Раҳимов ва дар вазни мутлақ Нурулло Лоиқов медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд. Ҷудокорони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар аввалин роҳхати Бозиҳои олимпӣ, аввалин медали Бозиҳои Осиё ва аввалин медали Олимпиадаро ба даст овардаанд, ки барои ҳар як ҷудокор ифтихор аст. Аввалин роҳхатҳои олимпиро дар замони истиқлолият соли 1995 варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё; Сайидаҳтам Раҳимов, Хайрулло Назриев ва Рустам Боқиев ба даст оварданд ва аввалин медали олимпиро соли 2008 Расул Боқиев аз Бозиҳои олимпии Пекин ба Тоҷикистон овард. Ба хотири ҷудокорони тоҷик давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон борҳо парафшону Суруди миллӣ танинандоз гардидааст. Ҳамчунин варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардидааст:
- Қаҳрамони Осиё, Тошканд-2016 ва 2017
- ҷои аввал дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014), Тошканд-2017, Анталия-2017.
Инчунин дар замони соҳибистиқлоли як зумра дастовардҳое ба ифтихороти паҳлавони тоҷик афзуд, ки саҳифае тозаеро дар таърихи варзиши кишвар рақам заданд. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки миёни ҷавонон (U-21) дар Марокаш баргузор гардида буд, Сомон Маҳмадбеков сазовори медали тилло чемпионати ҷаҳон гардида, унвони қаҳрамони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор шуд. Дар таърихи ҷудои кишвар ин аввалин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар ҳаман синну сол аз чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо маҳсуб меёбад.
Аз қадим мардуми тоҷик дӯстдори гӯштин буду аст. Таҳкурсии ҷудо куштии миллии тоҷикӣ аст. Тамоми мусобиқаҳое, ки дар ҷашни Наврӯз аз намуди гӯштини тоҷикӣ баргузор мешаванд, ҷудокорони мо иштирок мекунанд ва барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ пурра обутоб меёбанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар гӯштин дар ҳоли рушду тавсеа аст. Толорҳои тамрини ҷудо пур аз чеҳраҳое ҳастанд, ки дар оянда бо маҳорату малакаи худ ҷудои тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ аз ин ҳам зиёд муаррифӣ хоҳанд кард.
РУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУДО МУБОРАК БА КУЛЛИ ҲАВОДОРОН ВА ВАРЗИШГАРОНУ ҶУДОКОРОН!!!