Ҷудокорони тоҷик "Tokyo Grand Slam 2022"-ро бебарор оғоз карданд!

Ҷудокорони тоҷик "Tokyo Grand Slam 2022"-ро бебарор оғоз карданд!

Имрӯз дар шаҳри Токио мусобиқаи "Tokyo Grand Slam 2022" оғоз шуд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 346 ҷудокор аз 59 кишвари ҷаҳон доир гардида истоданд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа Тоҷикистонро Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ карданд.

Нахуст  Муҳаммадраҳим Сарахонов  зери вазни то 73 кг муқобили Мунингс Андреви 24 сола зафар ёфта, ба даври 2-юм роҳ ёфт.  Дар даври дуюм Маҳаммадраҳим дар рақобат муқобили Кен Ойошии ҷопонӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Сомон Маҳмадбеков зери  вазни  то 81кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо намояндаи Бразилия – Гуилҳерме Счимидти 22 сола қувваозмоӣ кард. Дар ин рақобат Сомон дастболо шуда, ба даври сеюм баромад. Дар даври сеюм Маҳмадбеков бо ҷудокори 28 солаи ҷопонӣ Кеня Коҳара дастбагиребон шуд. Дар ин рақобат ҷудокори ҷопонӣ тавонист, ки пирӯз шавад ва роҳашро ба даври баъдӣ ҳамвор намояд. Барои Сомон мусобиқа бенатиҷа хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар Эмомалии Нуралӣ зери вазни то 66 кг  дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори 18 солаи ҷопонӣ Шинсей Ҳатторӣ сабқат мекунад.

Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизаи мусобиқа 154 ҳазор  евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо 5000 евро барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евроро ба даст меоранд.

Ҳамчунин, ҷудокороне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Ҷудокороне, ки нишони тиллоро ба даст меоранд 1000-имтиёз, нишони нуқра 700-имтиёз ва нишони биринҷӣ 500-имтиёз инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.