Вақти кори Хави бадтарин омори "Барселона" ба қайд гирифта шуд

Вақти кори Хави  бадтарин омори "Барселона" ба қайд гирифта шуд

«Барселона» аз «Реал» дар даври 32-юми чемпионати Испания шикаст хӯрд — 2:3. Ҳамин тариқ, сармураббии «Барселона» Хави дуюмин мураббие дар таърихи тими каталонӣ гардид, ки аз «Реал» дар чор бозии паиҳам шикаст хӯрдааст.

Хави аз дастаи Анчелотти дар бозии ҷавобии Ҷоми Испания 2022/23 – 0:4 мағлуб шуд, дар Суперҷом ноком гардид – 1:4 ва ду маротибаи дигар дар Ла Лига – 1:2 и 2:3 шикаст хӯрд.

То Хави мураббии ягонае, ки чор маротиба паиҳам аз «Реал» шикаст хӯрда буд, Патрик О'Коннелл буд, ки «Барселона»-ро аз соли 1935 то 1940 тамрин медод.

Дар умум Хави 10 бозӣ зидди «Реал» гузаронида, 4 маротиба пирӯз шуд ва 6 маротибаи дигар шикаст хӯрд.

Пештар Хави эълон намуд, ки бо анҷоми мавсим «Барселона»-ро тарк мекунад. Қарордоди кории феълии муаттахассис бо бошгоҳ то тобистони соли 2025 аст. Худи Хави борҳо қайд намуд, ки ин қарори дуруст аст ва онро иваз нахоҳад кард.