Валверде: "Реал Мадрид" – “Бавария”- ро мисли “Манчестер Сити” эҳтиром мекунад. Аммо мо мехоҳем дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб шавем."

Валверде: "Реал Мадрид" – “Бавария”- ро мисли “Манчестер  Сити” эҳтиром мекунад. Аммо мо мехоҳем дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб шавем."

Нимҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Федерико Валверде пеш аз бозии аввал бар зидди “Бавария” дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо изҳори назар кард.

“Дар ин мусобиқа бозиҳои осон нест. Ҳама даста сазовори эҳтиром аст, ҳамчунин “Бавария”. Мо бо “Реал” ҳамеша мехоҳем то охири равем. Мо онҳоро мисли “Манчестер Сити” эҳтиром мекунем.

Мо бояд дар майдон беҳтарин бозиро нишон диҳем . Мо мехоҳем ин унвонро ба даст орем. Тамоми коллектив бояд боварии комил ҳис кунад. Мо мехоҳем ба финал биравем, ки мо барои ҳамин мубориза мебарем ”гуфтааст Валверде ба ESPN .

Бозии аввал байни «Бавария» ва «Реал Мадрид» 30-юми апрел дар Мюнхен баргузор шуда, соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.