VAR садди роҳи "Арсенал"  шуд

VAR садди роҳи "Арсенал"  шуд

Дар нерусанҷии даври 27-уми ПЛА дастаи "Арсенал" ба меҳмонии тими "Бёрнли" сафар кард. Набадри дастаҳо шиддатнок доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 6-уми дидор Обамеянг меҳмононро ба пеш баровард. Кӯшишу талоши мизбонон самар оварду дар дақиқаи 39-ум бо кӯмаки Вуд натиҷарор баробар карданд. Шаш дақиқа то анҷоми бозӣ "Тӯфангдорон" имкони пайдо намудани пеналтиро доштанд, аммо довар пас аз тамошои ҳолати мазкур бо истифода аз системаи VAR ҳолати мазкурро бекор намуда, "Арсенал"-ро аз задани пеналти маҳрум кард. Баъди ин мусовӣ "Арсенал" бо касби 38 хол дар ҷои 10-ум қарор гирифт.

Чемпионати Англия. Премйер - лига. Даври 27-ум
Бернли — Арсенал 1:1

Голҳо: Вуд, 39 — Обамеянг, 6

Бёрнли: Поуп — Тейлор (Питерс, 64), Ми, Тарковски, Лоутон — МакНейл, Браунхилл, Вествуд, Гудмундссон (Брэди, 67) — Вуд, Выдра (Родригес, 86)

Арсенал: Лено — Тирни, Мари, Давид Луис, Чеймберс — Ҷака, Партей (Себалос, 81) — Виллиан (Пепе, 70), Эдегор (Ляказетт, 63), Сака — Обамеянг