"Вест Хэм" хобро аз чашмони мухлисони “Ливерпул” парронд

"Вест Хэм" хобро аз чашмони мухлисони “Ливерпул” парронд

Дар доираи бозиҳои даври 11-уми мусобиқоти футболи Англия, дастаҳои “Вест Хэм Юнайтед” ва “Ливерпул” ба масофи ҳам рафтанд. Набарди дастаҳо дар майдони олимпии шаҳри Лондон баргузор гардида, бо натиҷаи 3:2 ба фоидаи мизбонон ба охир расид. Нахустин шуда дар дақиқаи чаҳоруми рақобат дарвозабони дастаи “Ливерпул” – Алиссон ба дарвозаи дастаи худ гол зада, мизбононро ба пеш баровард. Чаҳор дақиқа қабл аз анҷоми нимаи аввали рақобат ҳимоятгари ҷиноҳи чапи “Ливерпул” – Трент Александер-Арнолд дарвозаи мизбононро рахна сохта, натиҷаро баробар кард - 1:1. Дар қисми дуюми майдондорӣ, аниқтараш, дар дақиқаи 67-ум ниммуҳофизатгари “Вест Хэм” – Пабло Форналс аз паси ҳамдастааш Боуэн истифода бурда, бори дуюм тимашро пешгом кард. Дар дақиқаи 74-уми бозӣ ҳимоятгари лондониҳо – Курт Зума дарвозаи Алиссонро сӯрох карда, голи сеюми дастаашро рақам зад. Даҳ дақиқа баъди ин гол ҳамлагари белгиягии меҳмонон – Дивок Ориги аз имконияти ба миён овардаи ҳамтимаш Александер-Арнолд пурсамар истифода бурда, ба голи дуюми мизбонон посух гардонд. Бо вуҷуди будани фурсатҳои хуби голзанӣ дар идома ба футболбозони ҳарду даста ҳам муяссар нашуд, то натиҷаро дигаргун созанд. Ҳамин тавр, дар як рақобати драмавӣ “Вест Хэм” бар “Ливерпул” бо натиҷаи 3:2 ғалаба ба даст оварда, соҳиби се имтиёзи навбатии худ шуд ва дар умум бо ба даст овардани 20 хол мавқеи чаҳорумро касб кард. Дастаи “Ливерпул” бо доштани 22 имтиёз як зина болотар аз ҳарифи худ ҷойгир шудааст.