Юсуф аввалин футболбозе гардид, ки…

Юсуф аввалин футболбозе гардид, ки…

Ҳамлагар Юсуф Мукоко аввалин бозии худро дар дастаи «Боруссия»-и Дортмунд дар рақобатҳои даври 8-уми Бундеслига бо тими «Герта» (5:2) анҷом дод.

Футболбози камерунӣ дар дақиқаи 85-ум Эрлинг Ҳолландро иваз кард. Мукоко дар синни 16 солагиву 1 рӯзагӣ ҷавонтарин дебютант дар таърихи чемпионати Олмон шуд ва рекорди нимҳимоятгари собиқи «Боруссия» - Нури Шоҳинро (16 солу 11 моҳ ва 1 рӯз) шикаст. Мукоко дар мавсими имсолаи дастаи U-19 «Боруссия» дар 4 дидор 13 гол задааст.