“Ювентус” хостори ситораи “Латсио”

“Ювентус” хостори ситораи “Латсио”

Директори генералии “Ювентус” Ҷозеппе Маротта хабар медиҳад, ки дастаи туринӣ барои харидорӣ намудани ситораи “Латсио” Балде Кейта пешниҳод намудааст. Шартномаи қаблии футболбози 22 солаи бошгоҳи римӣ баъд аз як сол бо даста ба итмом мерасад.  

“Мо барои Кейта пешниҳод намудем. Ҳоло натиҷаашро интизор ҳастем. Интизор мешавем, ки чи ҳодиса руй медиҳад”, мегуяд Ҷозеппе Маротта.

Қаблан ВАО-и Италия иттилоъ дода буд, ки гузариши футболбоз ба дастаи “Интер” аз эҳтимол дур нест. Роҳбарияти бошгоҳи “Интер” омодааст, ки барои футболбози 22 сола 22 миллион евро пардохт намояд ва дар муддати 5 сол қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад.