"Занбӯрҳо” ба “Бавария” неш заданд

"Занбӯрҳо” ба “Бавария” неш заданд

Дар бозии Суперҷоми Олмон дастаҳои “Боруссия”-и Дортмунд ва “Бавария” баҳри дифои ин ҷоизаи пурарзиш рӯёрӯи ҳам омаданд. Набарди ин ду дастаи бо ҳам рақиб дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и 81 ҳазор нафараи шаҳри Дортмунд сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба суди “занбӯрҳо” хотима ёфт. Дар ин майдондории сахту сангин голҳои ғолибонро Пако Алкасер ва Ҷейдон Санчо ба ҳадаф расонида, “Бавария”-ро аз ин ҷоиза маҳрум намуданд. Ҳамин тавр бошгоҳи “Боруссия”-и Д маротибаи шашум дар тӯли таърихи хеш Суперҷоми кишварашро соҳиб гардид. Аз ҳама бештар ин ҷомро “Бавария” (7 маротиба) ба хазинаи дастовардҳояш ворид намудааст.