Занозании рафиқи Ҳабиб бо ҳамватани мо дар UFC-267
Як наворе, ки ба қавле мисли вирус саҳифаҳои маҷозиро ҳазф кард, ин рақобати бидуни нақша ва берун аз октагони ду ситораи машҳури Инстаграм - Ҳасбуллоҳ бо тахаллуси Хасбик ва пешвои инстаграми тоҷик - Абдурозиқ буд, ки ҳоло дар дилхоҳ шабакаҳои маҷозии дилхоҳ мамлакати дунё чарх мезанад ва аллакай зиёда аз 20 миллион лайк ҷамъоварӣ кардааст.
Хасбуллаҳ ва Абдурозиқ ҳамчун меҳмонони фахрии мусобиқаи UFC 267 даъват шуда буданд ва ғайри рақобатҳои муҳташами ин марҳилаи рақобатҳои UFC онҳо мавриди диққати ҳамагон қарор гирифта буданд. Гап сари он аст, ки Абдурозиқ дар ин марҳилаи рақобатҳо тарафдорӣ аз Ислом Махачеви чеченистонӣ накард, ки қавқозӣ бо Ден Хукер андари майдон шуд. Ба нақле Хасбуллоҳ ҳамсояи Ислом Махачев дар Чеченистон аст ва ӯ ҳеҷгоҳ дар тими худ Абдурозиқро ҷой намекард ва аз ин рӯ сарояндаи моро мебоист аз Ден Хукер ҳимоят намояд. Ден Хукер пеш аз оғози рақобат дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Абдурозиқ дар тими ман аст ва аллакай мо бо ӯ дар толор тамрин ҳам кардем. Ҳоло бошад навори занозании Хасбик ва Абдурозиқро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ наздикии 20 млн нафар лайк гузоштаанд, ки ба рекорди ситораи машҳури футбол Криштиану Роналду (31 млн лайк) наздик аст.