Зиёвуддин Фузайлов ҷарроҳӣ шуд
Ниммуҳофизатгари мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон Зиёвуддин Фузайлов баъди осеби ҷиддӣ дар бозии даври дуюми гурӯҳӣ муқобили Малайзия дар яке аз беморхонаҳои калонтарини шаҳри Бекаси ҷароҳӣ шуда, ҳоло дар ҳолати хуб қарор дорад. Ӯ дар як навори видеоӣ, ки аз ҷониби саҳифаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар инстаграм нашр шуд, аз ҳаммаи онҳое, ки дар ҳамин лаҳзаҳо дастгирӣ намуданд изҳори минатдорӣ кард. Ёдовар мешавем, ки Зиёвуддин Фузайлов дар қисми дуюми рақобат Далер Ёдгоровро иваз кард. Баъди 6 дақиқа Набил Ҳаким Бокҳарӣ муқобили ӯ дағал бозӣ намуд, ки футболбози тоҷик бо бардоштани ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол дода шуд.