5 муддаи ба мақоми мураббигии мунтахаби Италия

5 муддаи ба мақоми мураббигии мунтахаби Италия

Президенти Федератсияи футболи Италия Карло Тавеккио номзадии  5 нафар аз мураббиёни маъруфро барои роҳбарӣ ба мунтахаб эълон дошт, хабар медиҳад, "РИА Новости". Тавеккио дар ин хусус ба хабаргузории "Football Italia" гуфтааст:  "Алҳол аксари муддаиён фаъолияти хешро бо дастаҳо мебаранд ва муҳлати қарордододашон ками кам то моҳи июн аст. Мо дар ин байн беҳтаринҳоро интихоб намудаем. Бахусус номзадии Анчелотти,  Конте, Аллегри, Ранйери ва  Манчини мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии мо қарор дорад". Бояд қайд намуд, баъди нокомӣ дар рақобатҳо барои дарёфти роҳхати Мундиал-2018 сармураббӣ тими миллии Италия Чамперо Вентура ба истеъфо фиристода шуд.