Футболбози нодири “Челси”

Футболбози нодири “Челси”

Муҳофизатгари бошгоҳи "Челси"-и шаҳри Лондон Сесар Аспиликуэта дар дидори даври 12-уми Примйер-лига муқобили дастаи "Вест Бромвич" то ба анҷоми рақобат рӯи майдон ҳунарнамоӣ намуд. Бо ин тартиб ӯ нишондоди аҷиберо ба номи хеш рақам зад, ки монандашро ёфтан саҳл нест. Футболбози 28-солаи испанӣ дар тамоми 50 бозии дастааш зери роҳбарии Антонио Конте аз ҳайати асосӣ ба майдон баромада, то ба охири бозиҳо рақобатро идома додааст. Аҷиб ин аст, ки дар ин давом, Конте ӯро боре ҳам иваз накардааст.