“Астана” дар даври плей-офф

“Астана” дар даври плей-офф

Бошгоҳи футболи “Астана”-и Қазоқистон дар доираи бозиҳои даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Лигаи Аврупо дар сафар бо тими “Славия”-и Чехия дидор анҷом дода, бо ҳисоби 1:0 пирӯз омад. Ягона голи ин дидорро ҳимоятгари дастаи “Астана” Марин Аничич дар дақиқаи 38-уми рақобат ба самар расонид ва пирӯзии тимашро таъмин сохт. Бозии дигари гурӯҳи “А” низ миёни дастаҳои “Вилярреал”-и Испания ва “Маккаби”-и Исроил бо натиҷаи 0:1 хатм шуд. Голро Ник Блэкмен дар дақиқаи 60-уми вохӯрӣ таслими тури даврозаи соҳибони замин кард. Ҳамин тариқ дастаи „Астана“-и Қазоқистон бо ишғоли зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи “А” дар баробари тими “Вилярреал” роҳи худро ба бозиҳои даври плей-оффи мусобиқоти мазкур рӯшан кард. Ин дар ҳолест, ки дастаи „Славия“ аз имкони иштирок дар ин мусобиқа маҳрум афтод.   

Лигаи Аврупо. Гурӯҳи “А”. Даври 6-ум

“Славия” (Прага) – “Астана” (Астана) – 0:1 (0:1)

Гол: Аничич, 39. 

«Вилярреал» (Вилярреал) – «Маккаби» (Тел-Авив) – 0:1 (0:0)

Гол: Блэкман, 60. 

Гурӯҳи “B”

«Динамо» (Киев) – «Партизан» (Белград) – 4:1 (3:1)

Голҳо: Морозюк, 6 . Мораес, 28 , 32, 77 (пен) – Евтович, 45 (пен). 

«Янг Бойз» (Берн) – «Скендербеу» (Корча) – 2:1 (0:0)

Голҳо: Оаро, 55. Ассале, 90 – Гавазай, 52.