Авлавияти "Манчестер Сити"-и Гвардиола берун аз Англия низ эҳсос гардид

Авлавияти "Манчестер Сити"-и Гвардиола берун аз Англия низ эҳсос гардид

Дастпарварони Хосеп Гвардиола дар рақобати аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бар зидди "Базел"-и Швейтсария дар сафар бо ҳисоби бузурги 4-0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Муаллифи голҳои шаҳриҳо дар ин рақобат Гюндоган (дақ. 14 ва 53), Бернарду Силва (дақ. 18) ва Серхио Агуэро (дақ.23) гардиданд. Бозии мазкур бо авлавияти пурраи дастпарварони Гвардиола ҷараён гирифта, имкон фароҳам овард то дар бозии ҷавобӣ даста бидуни хавотирӣ омодагӣ бинад. Зеро эҳтимоли такрори камбеки намудаи "Барселона" дар соли 2017 аз ҷониби "Базел" имконнопазир мебошад.

Лигаи чемпионҳо. Даври 1/8 ниҳоӣ. Бозии аввал.

"Базел" (Швейтсария) – "Манчестер Сити" (Англия) – 0:4 (0:3)

Голҳо: Гюндоган, 14 (0:1). Бернарду Силва, 18 (0:2). Агуэро, 23 (0:3). Гюндоган, 53 (0:4).