Беҳтарин бозигари моҳи декабр дар ПЛА эълон гардид

Беҳтарин бозигари моҳи декабр дар ПЛА эълон гардид

Сафдари сафшикани бошгоҳи “Тоттенхэм” ва мунтахаби Англия Ҳарри Кейн беҳтарин футболбози моҳи декабр дар Премйер-лигаи Англия эълон шуд. Баъди ин нишондод Ҳарри бо собиқ футболбози дастони “Ливерпул” Стивен Ҷеррард баробар шуд. Бояд гуфт, ки то имрӯз рекорди мазкур ба Ҷеррард таҳлуқ дошт. Дар баробари Кейн барои ба даст овардани ҷоизаи мазкур Муҳаммад Салоҳ, Роберто Фирминю (ҳарду — «Ливерпул»), Маркос Алонсо («Челси»), Марко Арнаутович («Вест Хэм Юнайтед»), Ҷесси Лингард («Манчестер Юнайтед»), Рияд Марез («Лестер Сити») ва Николас Отаменди («Манчестер Сити») муддаӣ ба шумор мерафтанд. Дар моҳи гузашта Ҳарри Кейн дар 6 бозӣ роҳхат гирифта, 8 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст.