Бохти Зидан аз Гвардиола

Бохти Зидан аз Гвардиола

Дар иёлоти Лос-Анҷелеси Амрико, тимҳои  футболи “Манчестер Сити”-и Англия ва “Реал Мадрид”-и Испания байни ҳам рақобат намуданд. Ин дидор низ дар доираи рақобатҳои Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо, ки як сабқати дӯстонаву тиҷоратӣ низ ба ҳисоб меравад, сурат гирифт. Шогирдони Пеп Гвардиола бо ҳисоби 4:1 бар ин рақиби пуркувваташон ғолиб омаданд. Ҳамаи  голҳо дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд.

Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо-2017

Манчестер Сити Англия – Реал Мадрид Испания 4:1 (0:0, 4:1)

Голҳо: 1:0 – 52 Отаменди, 2:0 – 59 Стерлинг, 3:0 – 67 Стоунз, 4:0 – 81 Браим Диас,4:1 – 90 Оскар Родригес. 

Манчестер Сити – Эдерсон (Гримшоу, 80), Уокер (Дюэйни, 70), Компани(Мангаля, 46), Стоунз, Данило (Сане, 80), де Брюйне (Зинченко, 69), Туре(Робертс, 80), Фоден (Насри, 46), Отаменди (Адарабиойо, 80), Габриэл Жезус(Браим Диас, 69), Агуэро (Стерлинг, 46).

Реал Мадрид – Навас (Касиля, 46), Варан (Валехо, 62), Начо (Асенсио, 62), Марсело (Хакими, 62), Карвахал (Техеро, 62), Каземиро (Тео, 62), Модрич(Оскар Родригес, 62), Иско (Себалос, 62), Ковачич (Васкес, 62), Бэйл(Маркос Лоренте, 61), Бензема (Майорал, 62).