Бозгашти "ВВС" ва голи 300-уми Роналду дар Ла Лига

Бозгашти "ВВС" ва голи 300-уми Роналду дар Ла Лига

Бошгоҳи шоҳонаи "Реал"-и Мадрид дар даври 25-уми Ла Лигаи Испания дар бозии хонагӣ "Алавес"-ро бо ҳисоби 4:0 дучори шикаст намуд. Аз ҳайати соҳибони майдон Криштиану Роналду муаллифи дубл шуд. Ҳамчунин як голии дигарро Бэйл ва Бензема ба ҳисоби худ сабт намуданд. Ҳамин тавр сегонаи "ВВС" пас аз вақти тӯлонӣ боз тавонистанд дар як бозӣ ҳарсеяшон муаллифи гол шаванд. Ҳамчунин ин бозӣ барои Роналду аҳамияти калон дошт. Ӯ тавонист голи 300-уми худро дар бозиҳои Ла Лига ба самар расонад. Барои ин корро анҷом додад ба ӯ 285 бозӣ зарур шуд. Дастаи Зинедин Зидан бо касби 51 имтиёз дар ҷадвали Ла Лига худро дар мавқеи сеюм мустаҳкам намуд. Ҳарифи онҳо дар тими "Алавес" бошад, бо 28 имтиёз дар зинаи 16-ум қарор дорад.

Чемпионат Испания. Ла Лига. Даври 25-ум

«Реал» (Мадрид)  – «Алавес» (Витория)  – 4:0 (1:0)

Голҳо: Роналду, 44, 61. Бэйл, 46. Бензема, 89 (пеналти)