ЧҶ-2018: Миёнҷии роҳхат футболбози “Тоттенхэм”

ЧҶ-2018: Миёнҷии роҳхат футболбози “Тоттенхэм”

Дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Чемпионати ҷаҳон-2018 тими Ирландия дар майдонаш мунтахаби Данияро пешвоз гирифт. Вохӯрӣ байни тимҳо дар варзишгоҳи “Авива”-и шаҳри Дублин сурат гирифта, бо ҳисоби бузурги 5:1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.  Дар ин рақобати ҷолибу диданӣ нимҳимоятгари тими Дания Кристиан Эриксен муаллифи хет-трик шуда, мунтахаби хешро ба Мундиал-2018 бурд. Ёдовар мешавем, ки бозии аввал байни тимҳо бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфта буд. Мунтахаби Дания дар таърихи мавҷудияти хеш маротибаи панҷум аст, ки ба Ҷоми ҷаҳон роҳ меёбад. Дания қаблан дар солҳои 1986, 1998, 2002 ва  2010 ба Мундиал роҳхат пайдо намуда буд. Мунтахаби Дания 30-юм дастае мебошад, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳ ёфтааст. Ба Ҷоми ҷаҳон-2018 инчунин мунтахабҳои зерин роҳ ёфтаанд: Россия, Белгия, Олмон, Англия, Испания, Полша, Исландия, Сербия, Фаронса, Португалия, Швейтсария, Шветсия, Хорватия, Бразилия, Уругвая, Колумбия, Аргентина, Мексика, Коста-Рика, Панама, Эрон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Нигерия, Миср, Марокаш, Тунис ва Сенегал.