«Интер» ба Серия А баргашт

«Интер» ба Серия А баргашт

Дастаи бразилии «Интернасйонал» роҳхати мавсими минбаъдаи Серия А –и Бразилияро ба даст овард. Дар даври 36-уми Серия В ин даста бо “Оэсте” бозӣ намуда, ин рақобат бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт. Ҳамин тариқ “Интернасйонал” шумораи имтиёзҳояшро ба 65 баробар намуд. Ду давр пеш аз хотимаи мавсим даста дар зинаи дуввуми ҷадвал қарор дорад. Дар натиҷаи мавсим аз Серия В ба Серия А чаҳор даста роҳхат мегиранд. Айни ҳол фарқияти имтиёзҳои “Интер” аз дастаи зинаи панҷум “Лондрина” ҳафт имтиёзро ташкил менамояд. Ин маънои онро дорад, ки даста аз зинаи чаҳорум поён нахоҳад рафт ва дар мавсими минбаъда дар элитаи футболи Бразилия бозӣ хоҳад кард.  «Интернасйонал» қаҳрамони секаратаи Бразилия ва дукаратаи Ҷоми Либертадорес. маҳсуб меёбад.