Даниил Медведев ба даври ½-ниҳоии мусобиқаи Майами роҳ ёфт

Даниил Медведев ба даври ½-ниҳоии мусобиқаи Майами роҳ ёфт

Ракеткаи чаҳоруми ҷаҳон, теннисбози рус Даниил Медведев дар мусобиқаи Masters дар Майамии Амрико ба даври ½-ниҳоӣ баромад. Медведев дар марҳилаи ¼-ниҳоии мусобиқа бар ракеткаи 23-юми ҷаҳон Николас Ҳарри аз Чили музаффарият ба даст овард.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 41 дақиқа давом карда, бо ҳисоби 6:2, 7:6 (9:7) ба фоидаи теннисбози рус анҷом ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ Даниил Медведев бо ракеткаи сеюми ҷаҳон ва ракеткаи дуюми мусобиқа дар Майами бо Янник Синнери итолиёвӣ рӯзи 29-уми март вомехӯрад.