Даъвати Дилшод Ҷӯразода ба соҳибкорони тоҷик барои дастгирии тими миллии футзали Тоҷикистон

Даъвати Дилшод Ҷӯразода ба соҳибкорони тоҷик барои дастгирии тими миллии футзали Тоҷикистон

Ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода аз соҳибкорони тоҷик даъват ба амал овард то футзалбозони моро, ки ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё 2024 роҳ ёфта, ба ин васила барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон 2024 -ро соҳиб шуданд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ ва қадрдонӣ кунанд.

- "Ҳамаи мо ифтихор дорем аз дастаи милии футзаламон! Агар касе хоҳиши ба футзалбозони мо таваҷҷӯҳ кардан дошта бошад, ман ҳамчун шахси масъули ин соҳа дар футбол бо омодагӣ кӯмак мекунам."- гуфтааст, Ҷӯразода дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз сафари тими мунтахаби футзали Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода дар вохӯрии бо онҳо ваъда дода буд, ки барои корнамоии футзалбозони кишвар 100 ҳазор доллар ба онҳо инъом мекунад. Яъне 50 ҳазор доллар барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳони футзал ва 50 ҳазор доллари дигар барои аз гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ ёфтан ба тими мунтахаби футзали кишвар дода мешавад.