Дубли Азар пирӯзии “ашрофзодаҳо”-ро таъмин сохт

Дубли Азар пирӯзии “ашрофзодаҳо”-ро таъмин сохт

Дар бозии даври 24-уми Премйер-лигаи Англия бошгоҳи “Челси” меҳмони тими “Брайтон” гардид. Дар ин дидор “ашрофзодаҳо” бе мушкили дастаи рақибро торумор намуданд. Аз ҳайати “Челси” тӯбҳоро Виллиан, Виктор Мозес ва ду голи дигарро Эден Азар ба самар расонида, пирӯзии тими хешро таъмин сохтанд. Баъди ин натиҷа лондониҳо бо касби 50 хол дар зинаи дуюми ҷадвали ПЛА қарор гирифтанд.

Чемпионати. Англия. Даври 24-ум

"Брайтон" – "Челси" – 0:4 (0:2)

Голҳо: Азар, 3 (0:1). Виллиан, 6 (0:2). Азар, 77 (0:3). Мозес, 89 (0:4).