Лагно ва Тинсзе дар сабқати довталабон ба натиҷаи мусовӣ расиданд

Лагно ва Тинсзе дар сабқати довталабон ба натиҷаи мусовӣ расиданд

Шоҳмотбози россиягӣ Екатерина Лагно бо намояндаи Чин Лэй Тинсзе дар даври 12-уми Сабқати довталабон миёни бонувон ба натиҷаи мусовӣ расиданд.

Ин даҳумин мусовӣ барои Лагно дар Сабқати довталабон буда, пештар ӯ як пирӯзӣ ва як бохт ба қайд гирифта буд.

Дар даври баъдӣ Лагно бо намояндаи кишвари Булғористон Нургул Салимова бозӣ мекунад.

Ғолиби ин мусобиқа баҳри ба даст овардани Тоҷи шоҳмот бо қаҳрамони феълии ҷаҳон миёни бонувон Сзюй Вэнсзюни чинӣ соли 2025 бозӣ мекунад.

Иштирокчиёни Сабқати довталабон россиягиҳо Александра Горячкина ва Екатерина Лагно, Рамешбабу Вайшали (Ҳиндустон), Анна Музичук (Украина), Нургул Салимова (Булғористон) ва Хампи Конеру (Ҳиндустон) мебошанд.