Медведев ба даври нимниҳоии “ATP Citi Open” роҳ ёфт

Медведев ба даври нимниҳоии “ATP Citi Open” роҳ ёфт

Теннисбози шинохтаи рус - Даниил Медведев ба даври нимниҳоии мусобиқаи “ATP Citi Open” роҳ ёфт. Ӯ дар даври ¼ ниҳоӣ намояндаи Хорватия - Марин Чиличро дучори бохт кард. Акнун дар даври нимниҳоӣ Медведев бо Петер Гоёвчики олмонӣ андари майдони рақобат мешавад.

Мусобиқаи (ИМА)

Мусобиқаи ATP Citi Open

Даври ¼ ниҳоӣ

Даниил Медведев (Россия, 3) – Марин Чилич (Хорватия, 6) – 6:4, 7:6 (9:7)