Муҷозоти Роналду расман эълон шуд

Муҷозоти Роналду расман эълон шуд

Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” Криштиану Роналду барои амали иҷронамудааш нисбати довари марказ дар бозии аввали Суперҷоми Испания бар муқобили “Барселона” аз иштирок дар 5 бозӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи шоҳигарии футболи Испания иттилоъ додааст.  Криштиану Роналду акнун наметавонад дар 5 бозии оянда тими шоҳонаро кӯмак расанад. Зеро ӯ дар бозии аввали Суперҷоми Испания бар муқобили “Барселона” бар зидди довари бозӣ ғайриқоида амал карда буд. Дидори мазкур 13-уми август бо “Барселона” дар варзишгоҳи «Камп Ноу» сурат гирифт ва бо ҳисоби 3:1 ба суди “гаразмониҳо” ба поён расид. Дар сомонаи расмии Федератсияи шоҳигарии футболи Испания гуфта шудааст, ки футболбози португалӣ ба хотири тела додани довар аз 4 дидор ва барои гирифтани баргаи сурх аз 1 бозӣ маҳрум карда шудааст. Ҳамин тариқ Роналду дар бозии ҷавобии “Суперҷом”-и Испания бар муқобили “Барселона” ва ҳамчунин дар 4 дидори Ла Лига бар тимҳои «Депортиво», «Валенсия», «Леванте» ва «Реал Соседад» дар ҳайати дастаи “Реал” ба майдон баромада наметавонад.