Мураббиёни варзиши сабук омӯзиш диданд

Мураббиёни варзиши сабук омӯзиш диданд

Аз 3-юм то 14-уми октябри соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ курси омӯзишӣ барои мураббиёни варзиши сабук доир гашт. Дар машғулиятҳои 12-рӯза 24 мураббӣ, аз ҷумла 7 бону, аз вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва шаҳри Душанбе иштирок карда, донишҳои касбии худро такмил доданд. Мутахассисони сатҳи байналмилалӣ Евгений Шумарин (Тоҷикистон) ва Тимур Токтобаев (Қирғизистон) иштирокчиёнро дар ду самт – назариявӣ ва амалӣ омӯзиш доданд. Ба ширкаткунандагон, аз ҷумла қоидаҳои қувваозмоиҳои дав, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш бо хода, эстафета, партоби гирда, партоби ядро, партоби найза, гурзпартоӣ, қувваозмоиҳои бисёрҳарба, роҳгардии варзишӣ омӯзонида шуд. Онҳо, ҳамчунин, аз рӯи қувваозмоиҳои номбаршуда, ба таври хаттӣ ва амалӣ имтиҳон супориданд. Дар анҷом ба иштирокчиён сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ супорида шуд.

Сарчашма: http://olympic.tj/