Мусовии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар даври дуюми Ҷоми Осиё 2024

Мусовии  Тоҷикистон бо  Қирғизистон дар даври дуюми Ҷоми Осиё 2024

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии дуюми худ дар Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Қирғизистон мусовӣ кард.

Вохӯрӣ имрӯз, 20-уми апрел дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев ва Комрон Алиев ба самар расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфта буд. Қирғизистон бошад, бо ҳисоби 3 бар 2 муқобили Ҷопон пирӯз шуда буд.

Дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ тими футзали Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел бо қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа тими миллии Ҷопон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» доир мешавад. Оғози рақобат ба вақти Душанбе соати 14:00 аст.

Ҷоми Осиё 2024 | Даври 2

Қирғизистон 2:2 Тоҷикистон

Голҳо: Баҳодур Хоҷаев, 9 (0:1). Комрон Алиев, 30 (0:2). Шоҳрух Маҳмадаминов, 36 (1:2). Мақсат Олимов, 40 (2:2).