Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис анҷом ёфт

Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис анҷом ёфт

Давоми 5 рӯз мусобиқаи байналмилаллии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони наврас аз кишварҳои Украина, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок доштанд.

Дар доираи ин мусобиқа ҳам духтарон ва ҳам писарон дар мусобиқаҳои якнафара ва дунафара байни ҳам рақобат намуданд.

Пас аз чанд рӯзи рақобат дар мусобиқаҳои якнафара миёни писарон ҷойҳои аввал ва дуюм насиби Шодмон Қурбонов ва Исам Шарифов аз Тоҷикистон ва ҷои сеюм насиби Бегзод Суюнов аз Ӯзбекистон шуд. Миёни духтарон бошад ҷойҳои якум дуюм ва сеюм насиби теннисбозони навраси тоҷик Анастасия Турсунова, Камила Насибова ва Шаҳзода Асимова гардид.

Дар мусобиқаҳои дунафара бошад ҷои аввал насиби варзишгарони узбекистонӣ гардид. Ҷои дуюм ба варзишгарони Тоҷикистон ихтисос ёфт. Варзишгарони Афғонистон дар мусобиқаҳои дунафара тавонистанд ҷои сеюмро ба даст биёранд.

Дар мусобиқаҳои дунафара миёни духтарон низ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм насиби варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина шуд.

Ҳамин тариқ бар асоси натиҷаи ниҳоии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумуҳарии Тоҷикистон оид ба теннис, ҷоизаи асосии мусобиқа, Ҷоми Президент насиби варзишгарони Тоҷикистон гардид.

Ба ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷойи аввалро ишғол намуданд, 1000 доллари ИМА тақдим карда шуд. Ғоибони ҷойҳои дуюм соҳиби 800 доллар ва ҷойҳои сеюм бошанд 500 доллари ИМА ба даст оварданд. Ба ғолибон дар сабқатҳои ҷуфтӣ бошад, ба ҷойи аввал 500

доллар, барои ҷойи дуюм 400 ва барои ҷойи сеюм 250 доллари ИМА тақдим карда шуд.