Рақиби “Истиқлол” муайян шуд

Рақиби “Истиқлол” муайян шуд

Чемпиони панҷкаратаи мамлакат дастаи “Истиқлол” дар доираи ҷоми КФО, дар  марҳилаи финалии байниминтақавӣ бо дастаи “Бенгалуру” вориди майдон хоҳад гашт. Ин дастаи ҳиндӣ дар марҳилаи нимниҳоии  минтақавӣ бар дастаи “ Април 25 ”-и Кореяи Ҷанубӣ  дастболо гардид. Бозии аввали ин дастаҳо дар  кишвари Ҳиндустон бо ҳисоби 3:0 ба нафъи мизбонон, хотима ёфта буд. Бозии ҷавобӣ, ки дар кишвари Корея баргузор гашт ва бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби умумии 5:1 бар  рақиби хеш, дастаи “Серес Негрос” – и Филиппин  ғолиб гашта, ба марҳилаи финалии байниминтақавии ин мусобиқот роҳ ёфт. Ба бозии финалии ҷоми КФО,  ғолиби ҷуфтҳои дастаҳои “Истиқлол” –  “Бенгалуру” ва “Ал Қувва Ал Ҷавия” – “Ал Ваҳда” роҳ меёбанд. Акнун дар даври ниҳоии байниминтақавӣ "Бенгалару" бо дастаи "Истиқлол" ду дидор анҷом медиҳад. Вохӯрии аввал дар Тоҷикистон рӯзи 27 сентябр доир мегардад ва бозии ҷавобӣ бошад, 18 октябр дар Ҳиндустон доир хоҳад шуд.