Рақобати хубони Осиё

Рақобати хубони Осиё

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ хубони футболбози то 19 солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии чемпионати Осиё-2017 дидор анҷом доданд. Дар ин вохӯрӣ пирӯзӣ насиби тими меҳмонон гардид. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 23-юм боз шуд. Тӯбро Шаҳноза Қурбонова ба ҳадаф расонд. Дар қисми дуюми дидор меҳмонон боз дар ду маврид, дар дақиқаҳои 67-ум ва 71-уми бозӣ тавонистанд хатти дифои хубони футболбози тоҷикро рахна кунанд. Муаллифи голҳои мазкур бозингарони мунтахаби миллии Ӯзбекистон Шоира Қултураева ва Малика Бурҳонова мебошанд. Бо ҳамин бозии футболбозони тоҷик ва ӯзбек бо ҳисоби 3 бар 0 анҷом пазируфт.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” мунтахаби Тайван дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ду голро Ю-Ҷиеҳ Лан  дар дақиқаҳои 74-ум ва 78-ум ва як голро Йинг-Ҳуи Чен дар дақиқаи 76-ум  ба дарвозаи мунтахаби Ҳонконг ворид намуданд. 

Ба ин тартиб, баъди даври аввал дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” дастаҳои Тайван ва Ӯзбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. 

Дар даври дувуми мусобиқаи интихобӣ рӯзи шанбеи 29-уми октябр Ҳонконг бо Ӯзбекистон,соати 14:00 ва Тоҷикистон бо Тайван саоти 17:00 рақобат мекунанд.