Шикасти “Гранада” дар даври охирини Ла Лига

Шикасти “Гранада” дар даври охирини Ла Лига

Дар бозии даври 38-уми чемпионати Испания дастаи «Гранада» дар майдонаш аз тими «Эспанйол» шикаст хурд. Ҳамаи голҳо дар қисми аввали бозӣ ба самар расонида шуданд. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ ҳамлагари меҳмон Лео Баптистан ҳисобро боз намуд. Баъд аз 5-дақиқа нохост тӯб ба пои ҳимоятгари мизбон Рубен Везу бархурд, ки бо хамин амал голи навбатиро ҷониби дарвозаи хеш равона сохта, бо хамин бартарияти дастаи “Эспанйол”-ро афзун менамояд. Дар дақиқаи 22-юми бозӣ Андреас Перейра ягона голи дастаашро ба самар расонид. Ёдовар мешавем, ки ин даври охирини мусобиқоти Ла Лигаи Испания ба шумор меравад.

Чемпионати Испания. Даври 38-ум

"Гранада" - "Эспанйол" - 1:2 (1:2)

Голҳо: Лео Баптистан, 3 (0:1). Везу, 8 - аг (0:2). Перейра, 22 (1:2).

"Гранада": Очоа, Ломбан, Эктор Эрнандес, Ингасон, Везу, Крхин, Перейра (Карлос, 61), Уче (Хонгла, 77), Энтрена (Бога, 84), Рамос, Куэнка.

"Эспанйол": Диего Лопес, Рейес, Карикол, Рока, Наварро, Хурадо, Виктор Санчес, Давид Лопес, Пиятти (Виктор Алварес, 84), Леу Баптистан (Перес, 85), Морено.