Шикасти “Ҳосилот” аз тими “Истиқлол”

Шикасти “Ҳосилот” аз тими “Истиқлол”

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии охирини худро пеш аз сафар ба Туркия бо «Ҳосилот»-Фархор дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо намуд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 3:2 бо фоидаи дастаи “Истиқлол” хотима ёфт. «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки тайёрии худро ба бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) идома медиҳанд, дирӯз бо як бозии таҷрибавию санҷишӣ хотири мухлисонашонро шод карданд. Аз оғоз бозии ин дастаҳо ниҳоят ҷолибу шавқовар сурат гирифт. Легионери ӯзбекистонии дастаи «Ҳосилот»-Сайриддин Ғаффоров тавонист дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кунад. Беҳтарин бозингари соли гузаштаи кишварамон Манучеҳр Ҷалилов 10 дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввал натиҷаро баробар кард. Дмитрий Баркови рус, ки аз назари мураббиёни «Истиқлол» мегузарад, дар дақиқаи 50-ум соҳибони майдонро ба сафи пеш баровард. Ин голи сеюми Барков дар ду бозии охири санҷишии «Истиқлол» ба шумор меравад. Ҷаҳонгир Алиев муаллифи голи сеюми «Истиқлол» ва Хайрулло Азизов муаллифи тӯби дуюми «Ҳосилот» гардиданд. Ин охирин бозии санҷишии «Истиқлол» пеш аз сафар ба шаҳри Анталияи Туркия мебошад, ки даста марҳилаи навбатии омодагиро таҳти роҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев дар он ҷо барпо мекунад. Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» имсол шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Ҷоми КФО ҳимоя мекунанд.

Бозии санҷишӣ.

«Истиқлол» — «Ҳосилот» 3:2

Муаллифи голҳо: Сайриддин Ғаффоров, 7 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 34 (1:1). Дмитрий Барков, 50 (2:1). Ҷаҳонгир Алиев, 62 (3:1). Хайрулло Азизов, 83 (3:2).

Ҳайати дастаҳо:

«Истиқлол»: Қурбоналӣ Бобоев (Рустам Ятимов, 46), Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванқулов (Фаридун Шарипов, 26), Сиёвуш Асроров (Алишер Сафаров, 86), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 70), Ҷаҳонгир Алиев, Александр Кулинитс (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 72), Дмитрий Барков.

«Ҳосилот»: Фатҳулло Бобоев, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Ойбек Абдуғаффоров, Мӯсо Содиқ, Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 62), Сайриддин Ғаффоров (Хайрулло Азизов, 70), Иброҳим Рабимов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Агблей Ҷонс (Саидалии Сафаралӣ, 80), Шодибек Ғаффоров (Абдусамад Хоҷибоев, 57).